
ОИННОМАИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «МУТРИБ» ДАР НАЗДИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ТАЛАБХӮҶА САТТОРОВ
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Маҷаллаи илмии «Мутриб» мақоми илмӣ дошта, ҷузъи таркибии фаъолияти илмии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ҳисоб меравад. Фаъолияти худро маҷалла дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ мемонад.
1.2. Маҷалла дар як сол ду маротиба ҳар шумора дар ҳаҷми 6-7 ҷузъи чопӣ нашр мегардад ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мақолаҳои илмиро чоп менамояд.
1.3. Маҷалла самт ва фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:
- таърих ва назарияи мусиқӣ;
- фарҳангу санъати мусиқӣ;
- санъати сарояндагии суннатӣ, академӣ ва муосир;
- санъати навозандагии суннатӣ, мактабҳои санъати иҷрокунандагӣ ва мактаби “устод-шогирд”;
- педагогика, психология ва эстетикаи мусиқӣ;
- таҳлили ҷараёнҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон.
1.4. Мақолаҳои илмии пешниҳодшударо сармуҳаррир ва муҳаррири маҷалла таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, барои нашр қарори ниҳоӣ қабул мекунанд. Бе иҷозати сармуҳаррир муаллиф ҳуқуқи чоп намудан дар ин маҷалларо надорад.
1.5. Маҷалла мақолаҳои илмии аспирантон, унвонҷӯён, докторантон (PhD), омӯзгорон ва профессорони Консерваторияро, инчунин маводи муаллифони дигарро, ки ба самти фаъолияти маҷалла мувофиқ бошанд ва арзиши баланди илмӣ доранд, чоп менамояд.
Боби 2. Мақсад ва ҳадафҳои маҷалла
Мақсад ва ҳадафи маҷалла ба нуқтаҳои зерин равона мешаванд:
2.1. Ҷалб намудани муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба масъалаҳои мубрами илми мусиқӣ ва равияҳои инноватсионии соҳаи мусиқишиносӣ ва санъати мусиқӣ
2.2. Огоҳ намудани кормандони соҳа аз тачрибаи беҳтарини ватанӣ ва хориҷӣ дар ин соҳа; ташаккул додани заминаи муҳими илмӣ барои мубодилаи афкор, ақидаву тачрибаҳои муҳаққиқон.
2.3. Шаффоф ва равшан баён намудани мушкилоти соҳаи фарҳангу санъати мусиқӣ, густариш додани иттилоот дар бораи дастоврдҳои илмӣ ва эҷодӣ дар соҳаи мусиқӣ.
2.4. Шиносоӣ ва мубодилаи натиҷаҳои илмӣ ва эҷодии олимону ҳунармандони ватанию хориҷӣ.
2.5. Ҳамаҷониба фароҳам овардани имконоти чопӣ, нахустмаводҳои илмӣ ва заминаи мубодилаи афкор барои олимону ҳунармандони ҷавони соҳаи мусиқӣ.
2.6. Тадриҷан то ба сатҳи байналмилаӣ васеъ намудани доираи маводи илмӣ; таваҷҷуҳи хоссаи илмӣ ба назарияҳо, методикаҳо ва равандҳои муосири соҳаи мусиқии касбӣ.
2.7. Ҳамоҳанг будан бо сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.8. Ҳамаҷониба мусоидат намудан ба ҳифз ва рушди суннатҳои мусиқии миллӣ.
2.9. Ҷалб намудани коршиносон, олимон, донишҷӯёну анпирантону докторантон (PhD) баҳри фаъол гардонидани саҳми маҷаллаи илмӣ.
Боби 2. Қоидаҳои расмият
3.1. Маҷалла бо қарори шурои олимон таъсис дода мешавад.
3.2. Тамоми дигаргуниҳои марбут ба мазмун ва шакли маҷалла бо қарори шурои олимон амалӣ мешаванд.
3.3. Қатъи фаъолияти маҷалла бо қарори шурои олимон ба амал оварда мешавад.
3.4. Тамоми хароҷотҳои кор ва чопи маҷалла аз суратҳисоби махсуси Консерватория пардохт карда мешаванд.
3.5. Барои муаллифони мақолаҳову дигар маводи иттилоотӣ (расм, тақриз, иттилооти мухтасар, эълонҳо) ҳаққи муаллифӣ дода намешавад.
3.6. Баҳри тарғиби илми мусиқӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба фаъолияти илмӣ, муаллифон аз пардохти маблағи сарфи чоп озоданд. Муассиса корҳои таҳрирӣ ва чопи мақолаи пешниҳодшударо ба таври ройгон ба амал меоварад.
3.7. Ҳуқуқи муаллифӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.



